Кормандони милитсияи пойтахт хонандаи бадрафторро, ки нисбат ба омӯзгори худ беэҳтиромӣ зоҳир кард, муайян намуданд

Июнь 1, 2021 14:26

ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 31 майи соли равон  дар як зумра  сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашру паҳн  гардид, ки дар он ҳолати аз синфхона рондани муаллимае аз ҷониби як нафар хонанда инъикос ёфтааст. Кормандони самти фаврии  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навори мазкурро таҳқиқ  карда, ноболиғро муайян намуданд, ки дар натиҷа   волидайни ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри  Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар навори мазкур  дида мешавад, ки  хонандаи муассисаи таълимӣ нисбат ба  муаллимаи худ беҳурматӣ зоҳир намуда, ӯро бо як лаҳни тунд аз дари синфхона берун мекунад. Нашри ин навор ва ҳолати бадрафториву беҳурматии хонанда нисбат ба  омӯзгори  худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии зиёдеро ба миён оварда, корбарони он  аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбат ба  ин хонандаи бадрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ноболиғ Ф.М. санаи таваллудаш 30 марти соли 2004,  сокини кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11 «А»-и  МТМУ №76 ноҳияи Фирдасӣ содир гашта, номбурда нисбат ба муаалимаи фанни алгебра,  шаҳрванд Ф.М. беэҳтромӣ намуда, ӯро аз синфхона берун мекунад.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба  падари номбурда  шаҳрванд Лиқоев Некрӯз Фармонович,  санаи таваллудаш 7 апрели соли  1972, сокини шаҳри Душанбе,  кӯчаи Н.Қарабоев барои бемасъулиятӣ нисбат ба  таълиму тарбияи фарзанд,  бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол гардид.

Ҳамзамон нисбат ба  ноболиғ Ф.М. ва ҳамсабақонаш суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.

АКС аз РВКД дар ш. Душанбе

Июнь 1, 2021 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»