Маҳсулоти ҶДММ «Меваю сабзавоти Турсунзода» ва Боғи Сомон ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот мешавад
ТУРСУНЗОДА, 25.06.201 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Бакит Султанов ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки гурӯҳи кории ҷониби Қазоқистон, роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорон машварати корӣ доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Баъд аз мубодилаи афкори тарафҳо аввалин шартномаи ҳамкорӣ бо ҶДММ «Меваю сабзавоти Турсунзода» ба маблағи 500 ҳазори доллари ИМА баста шуд.
Дар қисми дуюми мулоқот машварати сайёр сурат гирифта, гурӯҳи корӣ бо фаъолияти ҶДММ «Сардор 2008» шинос шуданд.
Дар ҷараёни машварати сайёр ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз хоҷагиҳои «Ватан» ва «Боғи Сомон» дидан намуда, ба токзорҳо ва фаъолияти токпарварони шаҳри Турсунзода баҳои баланд дода, ҳамзамон ҷиҳати содироти маҳсулот бо хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКСҲО: МИҲД шаҳри Турсунзода









Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






