«МО БО ШУМОЕМ!». Дар Душанбе даври дуюми озмуни мазкур ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем!» дар сатҳи шаҳрӣ ҷамъбаст гардид. Даври якуми озмуни мазкур дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт ташкил ва баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври дуюм- озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюми озмуни шаҳрӣ 26 нафар довталабон аз рӯйи номинаи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ рақобат намуданд.
Дар ин бора аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар номинаи суханварӣ ва қироати шеър ҷойи якумро толибаи гимназияи №2-и пойтахт Заҳро Абдуалиева, мақоми дуюмро толибилми МТМУ №48 Амрихудо Самиров ва зинаи сеюмро хонандаи гимназияи №2 Шаҳром Давлатов ишғол намуданд.
Дар номинаи сурудхонӣ гирифтани ҷойи якум ба сокини ноҳияи Фирдавсӣ Хатиҷа Муслимова, мақоми дуюм ба хонандаи МДТИШМ барои кӯдакони нобино ва сустбин Мубориз Каримов ва зинаи сеюм ба хонандаи Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус (МДТИШМ) барои кӯдакони нобино ва сустбин Ҷовидони Баҳриддин насиб гардид.
Дар номинаи навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ҷойи якумро хонандаи мактаб-интернати №2-и пойтахт Абубакр Нуралиев ва ҷойи дуюмро толибилми мактаб-интернати гунгу карҳо Эҳсони Абдулҳай соҳиб шуданд.
Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии «Мо бо шумоем!»-ро дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода баргузор намуд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осепазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКСҲО аз КИ ҲХДТ











Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд






