НОМ ЧУ ҶОВИД ШУД… Агар умр вафо мекард, имрӯз булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир 75-сола мешуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Амри тасодуф буд ё хости тақдир, ки зодрӯз ва рӯзи марги ҳазордастони чаманзори мусиқии форсизабонон Аҳмад Зоҳир ба як сана рост омад: 14 июни соли 1946 чашм ба олам кушода, 14 июни соли 1979 дар 33-солагӣ бо ҳаёт падруд гуфт. Агар умр вафо мекард, имрӯз, 14 июн ин булбули Шарқ ба синни 75 мерасид.
42 сол мешавад, ки тасхиркунандаи дилҳо Аҳмад Зоҳир дар қайди ҳаёт нест, аммо то ҳанӯз ҳам аз ҳар хонадони форсизабонон садои сурудҳои нотакрору дилангези ӯ ба гӯш мерасад. Садои марғуладор ва лаҳни ширини ин ҳунарманди нотакрор дар қалби ҳазорон мухлисон ӯро зиндаву ҷовид гардонидааст.
Дар ҳар куҷое, ки форсизабонон бошанд — дар Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон ва ҳатто дар Амрикову Аврупо ҳанӯз ҳам бо садои Аҳмад Зоҳир ба дӯстдорон ва дӯстдоштагони худ пайғом мефиристанд, дили ошиқи худро таскин мебахшанд.
Аҳмад Зоҳир хатмкардаи яке аз литсейҳои бонуфузи Афғонистон буд. Падараш, Сарвазири вақти Афғонистон Абдул Зоҳир, орзу мекард, ки писари ягонааш дар Ҳиндустон ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, табиби дармонбахши беморон гардад. Вале писари саропо ҳунари ӯ бо суруду оҳангҳои дилнавозаш дармонбахши дили ҳазорон пиру ҷавон гардид.
Суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир аз ҳунари волои ӯ дарак медиҳанд. Ин ситораи нотакрор пайваста дар ҷустуҷӯи оҳангу сурудҳои нав ба нав буд. Қалбаш пуршӯр, нигоҳаш пурнур ва хаёлаш баландпарвоз буд. Дӯстдори шеъру суруди Ҳофизу Саъдӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Бедил, Румӣ, Ҳилолӣ ва дигар шоирони забардасти адабиёти тоҷику форс буд. Ӯ намунаҳоро аз ашъори безаволи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ низ ба оҳанг дароварда, сароидааст.
Тараннумгари ишқу вафо, афсунгари дилҳо Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти классикони бузурги тоҷику форс шеъру ғазалҳоро интихоб намуда, бо оҳангҳои омехтаи форсӣ, ҳиндӣ ва аврупоӣ, бо сабку усули нав суруд эҷод менамуд. Аз ин рӯ ин нобиғаи олами мусиқӣ дар байни миллатҳои гуногуни ҷаҳон садҳо ҳазор мухлисони дигарро низ пайдо намудааст.
Аҳмад Зоҳир дар ҳоле, ки оҳанге меофарид, ҳар фурсате ки созеро менавохт ва лаҳзае, ки таронае месароид, бо тамоми эҳсос ошиқ буд. Ӯ худ гуфтааст: «Ман ошиқи худи ишқ, ошиқи зиндагӣ ва ошиқи табиатам». Ӯ ошиқи ханда ва суруру шодӣ буд ва ба ҳар маконе, ки пой мегузошт, он ҷо ҳама пур аз шодиву сурур рақсу тарона мегашт.
Солҳост, ки овозхонҳои сершумор таронаҳои Аҳмад Зоҳирро месароянд. Вале нафаре аз онҳо таронаҳои Аҳмад Зоҳирро дар пояи ӯ иҷро карда наметавонад. Ҳанӯз худи Аҳмад Зоҳир гуфта буд: «Овозхонҳое, ки мекӯшанд аз ҳанҷараи (гулӯи) ман бихонанд, шояд мехоҳанд, ки ба ҷойи Аҳмад Зоҳир бошанд. Бидуни шак дар миёнашон истеъдодҳое низ ҳастанд, аммо бо тақлидкорӣ вақти худро зоеъ мекунанд, зеро ҳавохоҳони шеъру суруд дӯст доранд овози Аҳмад зоҳирро маҳз аз ҳанҷараи худаш бишнаванд».
Ва ин гуфтаҳои Аҳмад Зоҳир чанд даҳсола пас аз даргузашташ ҳам муҳиманд, чаро ки тақлидкорӣ ба овози ӯ ба авҷи аъло расидааст.
Пайдоиши садову суруди Аҳмад Зоҳир дар олами мусиқии тоҷику форс инқилоби ҳақиқиро ба вуҷуд оварда буд.Тахминан солҳои 70-ум дар Тоҷикистон нахустин сабтҳои аудиоии сурудҳои Аҳмад Зоҳир дар шуури мардуми тоҷик инқилоби фикриро бедор намуд. Тоҷикон аз шунидани чунин сурудҳои зебову оҳангҳои дилнишин бо забони тоҷикӣ (дарӣ)-и форсӣ ба ваҷд меомаданд.
Аҳмад Зоҳир дар умри кӯтоҳи худ, дар баробари муваффақияту комёбиҳояш ба чандин азобу шикастҳои зиндагӣ низ рӯ ба рӯ гардидааст. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо, дар ҳамон давра Аҳмад Зоҳирро бо баъзе сабабҳои сиёсӣ ба маҳбас мекашанд. Ҳангоми дар маҳбас буданаш модари ба ҷон баробараш аз ғаму фироқи ҷигарбандаш тарки олами ҳастӣ мекунад.
Ҳар сол 14 июн дар рӯзи зодрӯз ва фавти ин ҳунарманди асил, садҳо ҳазор мухлисон ва наздикону пайвандон дар сари манзилаш, ки дар оромгоҳи «Шуҳадои солеҳин»-и Афғонистон воқеъ аст, ҷамъ омада, рӯҳи марҳумро шод менамоянд.
Тавре манбаҳо шаҳодат медиҳанд, 14 июн — дар зодрӯзу фавти Аҳмад Зоҳир боз як воқеаи таърихӣ сабт шудааст. Дар ин рӯз духтараш Шабнам ба олами ҳастӣ чашм кушодааст.
Суруди асил сарҳад надорад ва ҳатман аз дил ба диле роҳ меёбад. Аҳмад Зоҳир бо сурудҳои ҷовидонаву садояш нотакрор дар қалби миллионҳо нафар зинда аст.
Тавре худи Аҳмад Зоҳир месароид:
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷо.
Одина ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад






