Ғолибони бозиҳои даври аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуданд

Июнь 25, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дар толорҳои варзишгоҳҳои мамлакат баргузор   шуданд. Дастаи  футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бар дастаи  нави лигаи футзал – дастаи «Помир»-и  шаҳри Хоруғ бо ҳисоби  калони 5:0 ғалаба кард.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ду бозии дигар дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд дар сафар дастаи футзали «Пойтахт»-ро бо ҳисоби  калони 8:0,  дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро  бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуданд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Даври 1-ум

«Соро компания» – «Памир» – 5:0

Голҳо: Муҳсин Муҳаммадӣ, 10 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 11 (2:0). Руҳулло Исари, 16 (3:0). Муҳаммад Раҷабов, 26 (4:0). Фирӯз Сангов, 28 (5:0).

Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои даври дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 26 июни соли равон дар толорҳои варзишгоҳҳои мамлакат баргузор  мегарданд. Дар ин давр  дастаҳои футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бо «Пойтахт» ва «Помир»-и шаҳри  Хоруғ   бо «Самандар»-и  Турсунзода  байни ҳам вомехӯранд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021

Даври дуюм:

26 июн (шанбе)

12:00 – «Сипар» – «Истиқлол»

15:00 – «Соро компания» – «Пойтахт»

18:00 – «Помир» – «Самандар»

Б Ғ М Б ГОЛҲО Х
1 «Сипар» (Хуҷанд) 1 1 0 0 8-0 3
2 «Сорокомапания» (Душанбе) 1 1 0 0 5-0 3
3 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 4-1 3
4 «Самандар» (Турсунзода) 1 0 0 1 1-4 0
5 «Помир» (Хоруғ) 1 0 0 1 0-5 0
6 «Пойтахт» (Душанбе) 1 0 0 1 0-8 0

 

Акс аз ФФТ

Июнь 25, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд