Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони Дӯстии шаҳри Душанбе дидан намуд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд






