Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо ҳайати парламентӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҳайси мушоҳид ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки пайвандҳои бародарии мардумони Тоҷикистон ва Афғонистон аз қаъри таърих маншаъ гирифта, зербинои мустаҳками равобити муосири ду кишвар мебошанд. Густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муқаррар гардида, дар ин раванд парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки мардуми Тоҷикистону Афғонистон хуб дарк менамоянд, ки маҳз тавассути талошу пайгириҳои муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равобит ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёфтанд.
Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша пуштибону ҷонибдори кӯшишу талошҳои Ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бобати ба роҳ мондани раванди музокироти сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад. Таъмини суботу оромии Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар баробари таъмини амнияти минтақавӣ, аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ низ касб менамояд. Мавқеъгирии ҷуғрофӣ имкониятҳои зиёди муштаракро барои тавсеа ва густариши ҳамкории иқтисодӣ фароҳам меорад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати босамари хориҷии Ҳукумати мамлакат ва бо мақсади таҳкими робитаҳои гуногунҷанба, дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд карда шуданд.
Тавассути ин пулҳо рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба роҳ монда шуда, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣва мубодилаву содироти молу маҳсулоти ниёзи мардум вусъат гирифт.Инчунин бо супориши Сарвари давлат парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Кобул-Душанбе оғоз шуданд.
Ҷонибҳо инчунин зарурати дар ояндаи наздик муайян кардани роҳу василаҳои муассири тақвияти ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин робитаҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро, ки Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумлаи онҳост, таъкид намуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»












Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






