Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуданд

Июнь 30, 2021 15:51

ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо ҳайати парламентӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҳайси мушоҳид ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки пайвандҳои бародарии мардумони Тоҷикистон ва Афғонистон аз қаъри таърих маншаъ гирифта, зербинои мустаҳками равобити муосири ду кишвар мебошанд. Густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муқаррар гардида, дар ин раванд парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар  густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки мардуми Тоҷикистону Афғонистон хуб дарк менамоянд, ки маҳз тавассути талошу пайгириҳои муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равобит ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёфтанд.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша пуштибону ҷонибдори кӯшишу талошҳои Ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бобати ба роҳ мондани раванди музокироти сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад. Таъмини суботу оромии Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар баробари таъмини амнияти минтақавӣ, аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ низ касб менамояд. Мавқеъгирии ҷуғрофӣ имкониятҳои зиёди муштаракро барои тавсеа ва густариши ҳамкории иқтисодӣ фароҳам меорад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати босамари хориҷии Ҳукумати мамлакат ва бо мақсади таҳкими робитаҳои гуногунҷанба, дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд карда шуданд.

Тавассути ин пулҳо рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба роҳ монда шуда, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣва мубодилаву содироти молу маҳсулоти ниёзи мардум вусъат гирифт.Инчунин бо супориши Сарвари давлат парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Кобул-Душанбе оғоз шуданд.

Ҷонибҳо инчунин зарурати дар ояндаи наздик муайян кардани роҳу василаҳои муассири тақвияти ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин робитаҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои  байналмилалӣ ва минтақавиро, ки Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумлаи онҳост, таъкид намуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Июнь 30, 2021 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд