Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Абдикарим Алимбоев мулоқот намуд

Июнь 17, 2021 09:02

СУҒД, 17.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Раиси  вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  бо Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдикарим Алимбоев мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар мавриди тарғибу ташвиқи ҳаёти осоишта дар минтақаҳои марзӣ, чорабиниҳои муштаркаи фарҳангӣ ва дигар тадбирҳоро, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунанд,  табодули афкор намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили  истифодаи  об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои оби ду кишвар иштирок намуда, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки обро минбаъд дар  асоси ҷадвале, ки аз ду тараф таъйид гардидааст, истифода мебаранд.

Инчунин зикр гардид, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ҳама гуна сохтмонҳо бе мувофиқаи ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Масъалаҳои  боздошту нигоҳ доштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки  боиси ихтилоф мешаванд,   минбаъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ  дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ  ва  ҳал карда  шаванд.

                              АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 17, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем