Расман: бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Персеполис» дар Душанбе баргузор мешавад

Июнь 23, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Душанберо макони баргузории бозии марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис»-и Эрон тасдиқ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии мазкур 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор гардида, вақти оғози он баъдтар тасдиқ карда мешавад.

Бозии дигари даври 1/8-ниҳоӣ байни дастаҳои «Шарҷа»-и АМА ва «Ал-Ваҳда»-и АМА дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Бо қарори КФО, ду бозии дигари марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои «Эстеғлол»-и Эрон – «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ – «Трактор»-и Эрон бояд дар майдонҳои бетараф гузаронида шаванд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, қаҳрамони Тоҷикистон — «Истиқлол»-и Душанбе бо гирифтани 10 хол дар гурӯҳи «А» ҷойи аввалро ишғол кард.
Акс аз ФФТ

Июнь 23, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд