Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 385 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Июнь 18, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 385 ҳазор афзоиш ёфта, аз 178,20 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 18 июн, ба СУТ дар бораи 178 203 523 сироятшуда ва 3 857 939 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 385 691 нафар ва фавтидагон 8 648 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 377 592. Баъд аз он Ҳиндустон (29 762 793), Бразилия (17,704,041), Франсия (5 749 691), Туркия (5 354 153), Россия (5 264 047), Британияи Кабир (4 600 623), Италия (4 249 755), Аргентина (4 222 400), Колумбия (3 859 824), Испания (3 753 228) ва Германия (3 727 624) қарор доранд.

АКС аз Google.com

Июнь 18, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид