Шоири маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт

Июнь 15, 2021 16:51

ДУШАНБЕ, 15.06.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе шоири маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Тавре аз Итттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷанозаи Салимшо Ҳалимшо баъд аз нисфи рӯзи имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҷасади ӯро дар қабристони Сари Осиёи пойтахт ба хок супориданд.

Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ таҳти унвони  «Киштии Инқилоб» (1960) ва  «Роҳи қуллаҳо» (1965) пешниҳоди хонандагон гардидааст.

«Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006),  драмаи «Кабӯтарони сафед» ва ғайраҳо маҳсули эҷоди дигари  ин шоири ватансаро мебошанд.

Намунаҳои  ашъори ин шоири тозагӯи тоҷик  ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғайраҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Инчунин Салимшо Ҳалимшо намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.

Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, Унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ гардидаанд.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 15, 2021 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд