«Синхуа»: Дар 20 сол СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт — Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли таърихи бистсолаи худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт ва борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» изҳори андеша кардаанд. Тавре 15 июн Агентии расмии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Синхуа» менависад, «мақолаи мазкур имрӯз дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нашр шудааст».
«Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усули «Рӯҳияи Шанхай» содиқанд», — тазаккур доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Мо фаъолияти худро дар доираи Созмон густариш ва равобити худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид, фаъолияти муштараки худро дар доираи СҲШ дар самти мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, алалхусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома хоҳем дод», — изҳор доштанд Президент.
Ҳамчунине ёдовар шуданд, ки саммити ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. «Мо итминон дорем, ки СҲШ пас аз таҷлили солгарди ҷашнии худ ҳамчун сохтори фаъол, платформаи муассир ҷиҳати мубодилаи афкор, ташаккули мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқаи нуқтаҳои назари гуногун фаъолияти худро идома дода, инчунин сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил хоҳад бахшид», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: скриншот аз сомонаи АИ «Синхуа»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






