«Синхуа»: Дар 20 сол СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт — Президенти Тоҷикистон

Июнь 16, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли таърихи бистсолаи худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт ва борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ»  изҳори андеша кардаанд. Тавре 15 июн Агентии расмии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Синхуа» менависад, «мақолаи мазкур имрӯз дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нашр шудааст».

«Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар   итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усули «Рӯҳияи Шанхай» содиқанд», — тазаккур доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Мо фаъолияти худро дар доираи Созмон густариш ва равобити худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид, фаъолияти муштараки худро дар доираи СҲШ дар самти мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, алалхусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома хоҳем дод», — изҳор доштанд Президент.

Ҳамчунине ёдовар шуданд, ки саммити ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. «Мо итминон дорем, ки СҲШ пас аз таҷлили солгарди ҷашнии худ ҳамчун сохтори фаъол, платформаи муассир ҷиҳати мубодилаи афкор, ташаккули мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқаи нуқтаҳои назари гуногун фаъолияти худро идома дода, инчунин сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил хоҳад бахшид», — гуфтанд Эмомалӣ  Раҳмон.

                                                  АКС: скриншот аз сомонаи АИ «Синхуа»

Июнь 16, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн