Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Эмомалӣ Мирзоев: «Овозаҳо дар бораи хурӯҷ кардани COVID-19 дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд»

Июнь 17, 2021 14:49

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Овозаҳо  дар бораи гӯё хурӯҷ кардани бемории COVID-19   дар Тоҷикистон, ки чанд рӯзи охир дар баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ  паҳн мешаванд,  асоси воқеӣ  надоранд. Аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст»,-гуфт  сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзоев имрӯз ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба ин мавзӯъ.

Ба гуфтаи номбурда, ҳамасола бо сабаби гарм шудани ҳаво як  зумра  бемориҳо, аз ҷумла бемории пневмония ё худ илтиҳоби шуш авҷ мегиранд.   Рӯзҳои охир ҳарорати ҳаво ба ҳадди нигаронкунанда боло рафта,  мардум бештар ба истеъмоли яхмос ва обҳои хунук рӯ оварданд, ки ин амал боиси ба илтиҳоби шуш гирифтор шудани онҳо гардид. Вале ин маънои онро надорад, ки ин беморон гирифторони бемории COVID-19 ҳастанд.

«Тибқи таҳлили мутахассисон, ҳоло бештар калонсолон ва кӯдакон гирифтори илтиҳоби шуш мебошанд.  Аксарияти онҳо   касоне ҳастанд, ки соли гузашта, ҳангоми хурӯҷи каронавирус бемориро аз сар гузаронидаанд ва шуши онҳо  пурра барқарор нашудааст. Барои пурра барқарор шудани шуш онҳо бояд зери назорати духтурон қарор гирифта,  тавсияҳои онҳоро пурра риоя намоянд ва аз нӯшидани нӯшобаҳои сард ва истеъмоли яхмос даст  кашанд», — таъкид кард Эмомалӣ Мирзоев.

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки муассисахои кумаки аввалияи  тиббию санитарӣ аз 3 то 10 нафарро бо нишонаҳои баландшавии ҳарорати бадан, сулфа, набудани иштиҳо ва беҳолӣ, ки аз аломатҳои асосии илтиҳоби шуш ва COVID-19  маҳсуб  мешаванд,  барои ташхиси COVID-19 пешниҳод  мекунанд, вале хушбахтона ҳамаи он ташхисҳо манфӣ мебароянд.

«Албатта, вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба COVID-19, яъне хурӯҷи ин беморӣ дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон  моро ба ташвиш нагузошта наметавонад. Мо ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем, ки Тоҷикистон  орӣ аз каронавирус мемонад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон набояд ба ин масъала бетараф бошанд.  Бояд қойидаҳои гигиениро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд»,-  гуфт  сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Июнь 17, 2021 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон