Таҳқиқот: коронавирус ҳуҷайраҳои хуни касони беморшударо тағйир медиҳад

Июнь 22, 2021 13:43

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзиши намунаҳои хуни зиёда аз 50 нафар нишон дод, ки андоза ва сахтии ҳуҷайраҳои сурх ва сафеди хун (эритроситҳо) дар вуҷуди беморони COVID-19 метавонад тағйир ёбад. АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ки натиҷаҳои таҳқиқотро Biofhysical Journal нашр кардааст.

Намуди нави коронавирус метавонад ҳуҷайраҳои узвҳои гуногуни бадани инсонро — аз шушҳо то рагҳои хунгузар сироят кунад. Олимон ҳанӯз пурра дарк накардаанд, ки шифоёбиро аз COVID-19 маҳз кадом пайомадҳо ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла, далелҳое мавҷуданд, ки пас аз сироятёбӣ бо коронавирус ва ё ҳатто эмгузаронӣ лахташавии хун дар рагҳои варидӣ метавонад пайдо шавад.

Табибони олмонӣ боз як таъсири дигари иловагии онро ошкор карданд, ки эҳтимол бо COVID-19 вобаста бошад. Онҳо намунаҳои хуни 55 нафарро — 17 нафар бемор бо вазнинии дараҷаҳои гуногун, 14 нафаре, ки аз COVID-19 шифо ёфтанд ва 24 нафар одамони солимро, маҷмӯъан зиёда аз 4 миллион ҳуҷайраҳои хунро таҳқиқ кардаанд.

Маълум шудааст, ки дар вуҷуди касоне, ки бемориро аз сар гузаронидаанд ва ё ҳоло гирифтори COVID-19 мебошанд, лимфоситҳо нисбат ба иштирокчиёни солими таҷриба хеле мулоимтар мебошанд. Бинобар ин, аз ҷумла онҳо ба осонӣ тағйири шакл намудаанд. Дигар ҳуҷайраҳои хун — моноситҳо — дар гурӯҳи аввал ҳаҷми онҳо зиёд шудааст. Чунин тағйирот, ба гуфтаи олимон, метавонад гардиши хунро мушкил гардонад ва ба гипоксемия — кам шудани оксиген дар хун мусоидат кунад.

Илова бар ин, муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки аз рӯи чунин хусусиятҳои ҳуҷайраҳои хун, ошкор намудани сирояти коронавирус ва баъзе уфунатҳои дигар имконпазир хоҳад буд.

АКСИ:  Shutterstock

Июнь 22, 2021 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид