ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, чоршанбе, 153-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 2, 2021 08:00

2 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ҷамъ омада буданд.

***

9 сол пеш, 1 июни соли 2012 дар ҷараёни сафари давлатӣ  ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан дидан намуданд. Бо қарори Шӯрои илмӣ  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла, дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омада буд, масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуданд.

 2 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.

 РӮЙДОДҲО:

 2 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардида, барои  мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

***

2 июни соли 2004  Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

***

12 сол пеш аз ин, 2 июни соли 2009 аввалин намояндагии бонки Россия дар Тоҷикистон- «Росселхозбанк» ба фаъолият шурӯъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 миёни Душанбе ва Рига (пойтахти Латвия) хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ гардид.

***

2 июни соли 1896 Гулелмо Маркони итолиявӣ дар ИМА оид ба ихтирои радио аввалин патент ба даст овард.

***

75 сол муқаддам, 2 июни соли 1946 дар Италия оид ба сохти давлатдории ояндаи  ин мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида буд, ки дар он қариб ҳамаи шаҳрвандони кишвар иштирок намуданд.

***

2 июни соли 1981 рӯзномаи «Правда» (нашрияи марказии КМ КПСС) ҳукумати Полшаро дар беамалӣ нисбат ба коммунизм душман эълон кард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1963  дар Тоҷикистон шумораи нахустини  ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» (ҳоло «Ҷаҳони паём») нашр шудааст.

***

Соли 1975 аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.

Июнь 2, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш