«УзА»: Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд

Июнь 9, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10-11 июни соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, менависад Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА».

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи сафар баргузории чорабиниҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе — маросими истиқболи расмӣ, музокироти хоса ва бо иштироки ҳайатҳо, маросими ифтитоҳи онлайнии иншооти иҷтимоӣ ва имзои бастаи санадҳои дуҷониба дар назар аст.

Қарор аст, ки масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шаванд. Таваҷҷуҳи махсус ба муайян кардани «нуқтаҳои рушд»-и ҳамкории гуногунҷанба ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххас оид ба рушди ҳамкории амалии дарозмуддат дода мешавад. Сарони давлатҳо,  инчунин доир ба ҷанбаҳои сиёсати байналмилалӣ ва рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Ғайр аз ин, сарони давлатҳо дар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар пойтахти Тоҷикистон ширкат варзида, бо намояндагони ҷомеа мулоқот мекунанд ва аз як зумра  иншооти саноатии вилояти Суғд боздид менамоянд.

Дар доираи ин сафар ба имзо расонидани зиёда аз 30 санад, ки самтҳои муҳими ҳамкории мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарбар мегиранд, дар назар аст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нав — ба сатҳи шарикии стратегӣ, ки бо мундариҷаи мушаххаси амалӣ пур шудаанд, баромадаанд.

Бо ташаббус ва ба шарофати иродаи матини сиёсии сарони ду давлат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои ду кишвар ва халқи бародар ҳал шуданд.

Ҳаҷми мубодилаи савдои тарафайн ба таври назаррас афзоиш ёфта, соли гузашта аз 500 миллион доллар гузашт ва зиёда аз 200 корхонаи муштарак таъсис дода шуданд. Дар соҳаи гуманитарӣ мубодилаи самарабахш  ва робитаҳои судманд миёни минтақаҳо мавҷуданд.

Дар шароити душвори пандемия  Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои коронавирус ҳамбастагӣ ва кӯмаки муштарак нишон доданд.

Дар доираи омодагӣ ба саммити дарпешистода ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ таҳти сарварии сарвазирони ду кишвар, конфронси илмӣ-амалӣ, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон ва дигар чорабиниҳо бомуваффақият баргузор шуданд. Дар арафаи сафар, инчунин Форуми якуми байниминтақавӣ ва ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон баргузор мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶӮ

Июнь 9, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд