«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши тантанавӣ ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид

Июнь 27, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 27.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 26 июн бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони назди шаршараи муассисаи давлатии Боғи «Наврӯзгоҳ» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — омили пешрафти давлату миллат» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ«Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ва иштирокчиёни чорабинӣ расонида, тамоми мардуми шарифи кишвар ва сокинони пойтахтро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд.

Зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаас ва бояд ба қадри ин неъмат, яъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ бирасему баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон якдилона камари ҳиммат бандем.

Сипас чорабинии фарҳангии иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ваҳдату якдилӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.

Аксҳо аз МИҲД шаҳри Душанбе

Июнь 27, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид