Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон мулоқот намуданд

Июнь 3, 2021 09:27

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  2 июн Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Аштарӣ дар шаҳри Теҳрон масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи амният баррасӣ намуда, дар бораи таъсиси Намояндагии полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ба мувофиқа расиданд.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ иттилоъ доданд, дар мулоқоти мазкур ҳамчунин масъалаҳои  таҳкими ҳамкорӣ дар самти мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон,  дар доираи Бюрои марказии миллии «Интерпол» ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ  Р.Раҳимзода бо  фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон шиносоӣ пайдо намуда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ боздид ба амал овард.

Мавриди зикр  аст, ки Нерӯҳои вижаи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти хизматии худро пеш мебаранд.

Рамазон Раҳимзода ҳамзамон аз машқҳои тактикии Нерӯҳои вижа бо нишон додани фаъолияти ин ниҳод, ки дар сатҳи баланд доир гардиданд, дидан  намуд.

АКСҲО аз ВКД ҶТ

Июнь 3, 2021 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад