Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Москва муаррифӣ гардид

Июнь 24, 2021 16:35

ДУШАНБЕ, 24.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як соҳаи муҳими иқтисод тадриҷан рушд карда,  ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад, ки   ин мояи шинохти  бештари Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ  гардидааст. Ин матлабро  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, дар ҳамоише, ки дар Сафорати  Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади  муаррифии иқтидор ва зарфиятҳои сайёҳӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди кишвар доир гардид, баён дошт.

Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатии Россия, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат,  ширкатҳои фаъоли сайёҳии Тоҷикистону Россия  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Тавре Имомуддин Сатторов  гуфт,  баҳри таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ Ҳукумати кишвар дар марҳилаи аввал як  зумра  имтиёзҳоро муқаррар кард, ки заминаи иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард, инчунин инфрасохтори зарурии сайёҳиро  барои рушди минтақаҳои сайёҳӣ омода намуд.

Дар ҳамоиш имконияту зарфиятҳо ва навъҳои гуногуни сайёҳии байналмилалӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Инчунин ба меҳмонон оид ба иқтидори сармоягузории Тоҷикистон маълумоти муффасал пешниҳод гардид. Иштирокдорони ҳамоиш имкони хуби шиносоӣ бо осори таърихию фарҳангӣ ва омилҳои рушди муосири кишвари  Тоҷикистон, аз ҷумла зарфиятҳои сайёҳӣ ва сармоягузориро  пайдо карданд.

Бо истифода аз  фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассалро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш бо  мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот, миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия  оид ба ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аксҳо аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия

 

Июнь 24, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид