21 июл Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, БДА «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии беҳдошти замин ва оберӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва оберии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 08:00 дар Агентии мазкур доир мегардад.
БДА «Амонатбонк» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар бонки мазкур баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 10:00 дар Агентии мазкур (кӯчаи Лоҳутӣ, 24 собиқ бинои БДА «Амонатбонк») доир мегардад.
Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 14:00 дар Кумитаи мазкур мегузарад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






