Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.
Қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёт, таъмини шаффофият, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллӣ ва фаъол гардидани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ қабул шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ин дороиҳо ва маблағҳо алоқаманд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда мешаванд.
Ҳамчунон Қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд.
Матни пурраи Қонун дар матбуот нашр карда мешавад.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 МВт ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии «Ҳаёт»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» оғоз бахшиданд






