Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар қаламрави ноҳияи Ванҷ ба ҷои 8 гектари дар нақша пешбинишуда дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Нақшабандии кишти зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, ба хотири он ки талаботи аҳолӣ ба зироатҳои лӯбиёгӣ зиёд аст, майдони кишти ин маҳсулотро нисбат ба солҳои пешин зиёд намудем. Ванҷ махсусан барои рушди боғдорӣ имкониятҳои зиёд дорад ва имрӯз қисмати зиёди мева аз ноҳия ба дигар минтақаҳои кишвар содир карда мешавад.
Ин матлабро раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим зимни нишасти матбуотӣ оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли равон баён намуд.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби рушди саноат, кишоварзӣ ва сохтмон нисбат ба соли гузашта 19 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 44 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин ба фаъол гаштани корхонаҳои коркарди мармар, ҶДММ «Хрустал» ва муътадил фаъолият намудани шабакаҳои барқии ноҳия алоқаманд аст.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди он ки ноҳияи Ванҷ аз лиҳози таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо нерӯи барқ нисбат ба дигар ноҳияҳо пешрав аст, иқтидори тавлидотии ҳамаи нерӯгоҳҳои барқии ноҳия барои ташкили корхонаҳои саноатӣ ҳанӯз басанда нест. Айни ҳол шабакаҳои барқии ноҳия 2,6 мегават барқ истеҳсол мекунанд, аммо барои он ки дар қаламрави ноҳия корхонаҳои нисбатан пуриқтидори саноати кӯҳӣ сохта, ба коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр шурӯъ намоянд, беш аз 5,6 меговатт қувваи барқ зарур аст.
Изҳор гардид, ки бо пайваст гардидани шабакаҳои энергетикии ноҳия ба шабакаи муттамаркази энергетикии ҷумҳурӣ, ки то охири соли равон пешбинӣ гардидааст, ин қазия ҳалли худро пайдо мекунад.








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






