Ҳарифони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбакистон маросими қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 -солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бозӣ мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони то 23- солаи Тоҷикистон Эрон, Лубнон ва Непал хоҳанд буд. Бозиҳои мазкур аз 23 то 31 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Дар натиҷа 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Минтақаи Ғарб аз 6 гурӯҳ ва дар Шарқ аз 5 гурӯҳ иборат мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Ғарб дар Тоҷикистон, Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешаванд. Дар минтақаи Шарқ, мизбони гурӯҳҳо Муғулистон, Индонезия, Сингапур ва Тайбэйи Чин хоҳанд буд. Ёдовар мешавем, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, роҳ меёбанд.
Натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Сурия, Қатар (мизбон), Яман, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Тоҷикистон (мизбон), Ливан, Непал.
Гурӯҳи «С»: Ироқ, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон, Малдив.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Қувайт (мизбон), Ӯзбекистон.
Гурӯҳи «Е»: АМА (мизбон), Умон, Ҳиндустон, Қирғизистон.
Гурӯҳи «F»: Урдун (мизбон), Фаластин, Туркманистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Австралия, Чин, Индонезия (мизбон), Бруней.
Гурӯҳи «Н»: Кореяи ҷанубӣ, Сингапур (мизбон), Тимори Шарқӣ, Филиппин.
Гурӯҳи «I»: Ветнам, Мянма, Гонконг, Тайбэйи Чин (мизбон).
Гурӯҳи «J»: Таиланд, Малайзия, Лаос, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «К»: ҶХДК, Ҷопон, Камбоҷа.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






