«Ҳашт муъҷизаи СҲШ», «Хушзоткунӣ яке аз роҳҳои рушди соҳаи чорводорист», — шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии Тоҷикистон он рӯйдодҳои муҳиме, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ омадаанд, бозтоб гардидаанд.
«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №140 (24 247), чоршанбе, 14 июли соли 2021 дар саҳифаи аввал суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Дабири кулли СММ, вохӯрии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва мулоқоти Сарвари давлат бо вазири корҳои хориҷии Чинро нашр намудааст. Инчунин дар ин саҳифа мақолаи Гулнисои Саъдоншо таҳти унвони «Нигоҳи дигар ба Ваҳдати миллӣ» чоп гардидааст, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст: «…Алҳол мардум шукр аз ваҳдат менамоянд, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дорад. Шукр аз ваҳдат мекунанд, ки бар ивази ҷони ҳазорҳо ҷавонони ҷавонмарги баору номуси халқи тоҷик ба даст омадааст. Барои он ки мо дар чунин шароит умр ба сар барем, фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷон дар хатар гузоштаву ҷавониашонро сарф кардаанд. Ватандӯстиву мардонагии ин марди хирад қалби сиёсатмадорони ҷаҳонро низ тасхир намудааст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон дар тавсифашон чунин гуфтааст: «Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон бар кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо аст, ки то ҳанӯз чунин Сарвари ғамхор насиби мо нагаштааст».
Дар ин шумора хонандагон имон доранд, ки мақолаҳои таҳлилиро таҳти унвони «Дирӯзи парешон, имрӯзи дурахшон. Ё аз навбати нон то дастархони фаровон», «Ноҳияи Восеъ. Осоишгоҳи кӯдакона чаро валангор шуд?», «Шириншоҳ Шоҳтемур. Тантанаи тоҷикият дар ҳавзаи шӯравии собиқ», «Соли 1932. Зистан ҳам қаҳрамонӣ буд» мутолиа намоянд. Ҳамзамон тавассути рубрикаҳои гуногун хонандагони рӯзнома метавонанд аз рӯйдодҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии мамлакат огоҳ шаванд. Дар ин шумора аз ҷараёни нишастҳои матбуотӣ резаахбор интишор гардидааст.
«Садои мардум»- нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар №92 (4354), сешанбе, 13 июли соли 2021 дар саҳифаи якумаш хабару гузоришро доир ба фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбатҳои телефонии Пешвои миллат бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва суҳбати телефонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханулиро мунташир намудааст. Ҳамзамон хонандагони «Садои мардум» имкон доранд аз нашрияи парлумонӣ мақолаҳоро таҳти унвони «Баҳси замин дар Кӯлоб. Он чаро солҳост, ки ба поён намерасад?», «Энергияи барқароршаванда ба пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об чӣ таъсир гузошта метавонад?», «Айнӣ. Бунёдкорӣ вусъат меёбад», «Хушзоткунӣ яке аз роҳҳои рушди соҳаи чорводорист», «Сайёҳон ва нақши онҳо дар илми география» ва «Ҳашт муъҷизаи СҲШ»- ро мутолиа намоянд. Инчунин дар ин шумора зери рубрикаи «Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон» хабарҳои парлумонии ҷаҳон ҷой дода шудаанд.
Рӯзноманигори нашрия Абдухолиқ Мирзозода бо доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори кафедраи зоотехнияи ҷузъӣ, узви Академияи илмҳои табиатшиносии Россия Тӯйчӣ Рӯзиев таҳти унвони «Хушзоткунӣ яке аз роҳҳои рушди соҳаи чорводорист» мусоҳиба намудааст. Олим ба саволи он ки оё дар ҷумҳурӣ имконияти офаридани зотҳои навро дорем, чунин посух додааст:
-Говҳои тоҷикии зоти сиёҳало бояд дар ҷумҳурӣ яке аз заминаҳои асосии баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои аҳолӣ гарданд. Шахсе, ки ба чорводорӣ машғул аст, бояд нисбат ба чорво дилсӯз бошад. Дар ҳамон сурат ӯ метавонад аз чорво маҳсулоти дилхоҳ гирад. Мо алҳол аз захираҳои дохилӣ ба таври назаррас истифода бурда наметавонем, ки ин сабабҳои объективӣ дорад. Дар кишвар фақат соли 2001-ум зоти нави говҳои сиёҳало ихтироъ шуд…
Хонанда метавонад аз ин мақола оид ба хушзоткунии чорво маълумоти пурра пайдо намояд.
«Народная газета»- нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №27, (20308), чоршанбе, 14 июли соли 2021 оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Дабири кулли ин Созмон Владимир Норов, суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев матолиб ба нашр расонидааст. Хонандагони «Народная газета» инчунин имкон доранд дар ин шумора маводро таҳти унвони «Андрей Климов: «Интересы народа-наш главный приоритет», «О его величестве слове», «Сарез под наблюдением!», «Таджикские ученые намерены возродить деятельность Общества физиков» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа мутолиа намоянд.
«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №28 (1321), чоршанбе, 17 июли соли 2021 дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти сиёсӣ ва ҳизб, инчунин мақолаҳоро вобаста ба мавзӯоти муҳими ҷомеа таҳти чунин унвонҳо: «Камбудиҳо якранганд», «Ташвишу тараддуди рӯз», «Зан- неруи созандаи ҷомеа», «Пешвои миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва ғайра чоп намудааст.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»