Аз оғози сол дар Суғд шумораи муассисаҳои томактабӣ 8 адад ва мактабҳо 12 адад афзудааст

Июль 23, 2021 10:29

ХУҶАНД, 23.07.2021. /АМИТ Ховар/. Итминон аст, ки давоми солҳои наздик дар шаҳри Хуҷанд як интернати замонавӣ мутобиқ ба стандарҳои муосир барои кӯдакони кару гунг ва шунавоиашон суст бунёд гардад. Ҳоло дар маркази Суғд барои кӯдакони ятиму бепарастор бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ сохтмони кӯдакистони хусусӣ барои 200 нафар идома дорад. Дар назар аст, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он  шароити таълиму тарбия ва зисти тарбиятгирандагон боз ҳам беҳтар гардида, кӯдакон ройгон ба таълим фаро гирифта шаванд. Дар маҷмӯъ, ҳоло дар ҳудуди вилоят 13 муассисаи таълимии шакли мактаб-интернат бо фарогирии 1 ҳазору 227 нафар фаъолият доранд.

Дар ин бора ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти маорифчиёни вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2021 сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ “Ховар”, сардори Раёсат гуфт, ки ҳоло дар вилоят 280 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 44 ҳазору 916 нафар кӯдакон фаъолият дошта, шумораи муассисаи томактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилоят 8 адад афзудааст.

Инчунин соли таҳсили 2020-2021 дар вилоят 941 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 565 ҳазору 231 нафар толибилмон фаъолият намуда, нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 шумораи мактабҳо 12 адад ва хонандагон 7 ҳазору 906 нафар зиёд гардидааст.

Вобаста ба таъмиру навсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ сардори Раёсати маорифи вилоят иброз дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсат дар вилоят бинои 46 муассисаи таълимии садамавӣ ва 228 таъмирталаб ба қайд гирифта шуда, то имрӯз бинои 11 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор гардидааст. Ҳоло дар 15-тои он корҳои навсозӣ идома дошта, 219 бинои муассисаи таълимӣ аз таъмир бароварда шуда, дар 6 муассиса корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд.

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истифода додани бинои 50 муассисаи таълимӣ барои 11754 хонанда пешбинӣ гардида, дар маҷмӯъ, то ин давра бинои 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳими соҳаи маориф барои 4950 хонанда ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон доир ба омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабӣ гуфта шуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, соли ҷорӣ талабот ба ангишт 7 ҳазору 528,7 тонна ва ба ҳезум 8177,2м3 –ро ташкил дода, то  9 июли соли равон нақшаи захираи ангишт 21% ва ҳезум 36,6% иҷро гардидааст. Итминон аст, ки то аввали моҳи сентябр муассисаҳо пурра таъмин гарданд.

Июль 23, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт