Бо ташаббуси ҳизбиён корҳои таъмирӣ ва бунёди сифхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои ноҳияи Фархор ҷараён доранд

Июль 3, 2021 08:51

ДУШАНБЕ, 03.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ноҳияи Фархор  бо ташаббуси  ҳизбиён  сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ ҷараён дорад. Онҳо  ният доранд, ки корҳои сохтмониро дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расонанд,  то дар  соли хониши 2021-2022 хонандагон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво  ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Бо  саҳмгузории аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор  ва кумитаи падару модарон, дар  муассисаҳои таълимии  ноҳия ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатӣ  корҳои таъмирӣ ва  бунёди  сифхонаҳои иловагӣ  идома  дорад.

Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ,  ҳамарӯза аъзои фаъоли ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаи падару модарони   муассисҳои таълимии ноҳия   тариқи ҳашар  корҳои сохтмониро вусъат мебахшанд.

Мавриди зикр аст, ки  бахшида ба ин санаи таърихӣ чунин ташаббусҳои ҳизбӣ  дар дигар  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ роҳандозӣ шудааст.

 

Июль 3, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад