Бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия ба ҳамкорӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия, кушодани филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон ва ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкории пурмаҳсули ду давлат бошад. Чунин зикр кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл ин иқдомро ҷонибдорӣ намуда, онро барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Раиси Бонки миллӣ афзуд, ки «ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла иқтисодиёту тиҷорат бомаром рушд дорад. Дар оянда низ мо барои ҳамкории мутақобилан судманд ва тақвияти равобити тиҷоратӣ, хусусан дар самти рушди низоми бонкӣ омода ҳастем».
Эмре Зекӣ Карагёл аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон бо изҳори хушнудӣ гуфт, ки ташрифи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид. Дар мулоқот инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани пайомадҳои он муҳокима гардид.
Ҳ. Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла бахши бонкдорӣ пешбинӣ шудаанд, маълумот дода, пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилоти қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилоти қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бори дигар барои тақвияти бештари ҳамкорӣ дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия изҳори омодагӣ намуданд.
АКС аз Бонки миллии Тоҷикистон








Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст






