Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати «Giesecke+Devrient» тақвият медиҳад

Июль 1, 2021 15:55

ДУШАНБЕ,01.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории пурмаҳсули Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Giesecke+Devrient» дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва дигар маҳсулоти бозори молиявӣ дар мулоқоти Раиси Бонки Милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ноиби кулли Президенти ширкати «Giesecke+Devrient» Вернер Рейш ва ноиби Президенти ширкат оид ба фурӯши банкнотаҳо Аркадий Ноткин дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати «Giesecke+Devrient» соли 1999 бо имзои шартномаи чопкунии пули коғазии миллии «Сомонӣ» оғоз гардида, зиёда аз 22 сол мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазиро дар ширкати «Giesecke+Devrient» чоп менамояд. Боиси қаноатмандист, ки тӯли ин солҳо Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати «Giesecke+Devrient» дар самти такмили унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии «Сомонӣ» ва таъмини бехатарии он корҳои зиёдеро анҷом додаанд», — таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Зимни вохӯрӣ инчунин, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба такмили минбаъдаи унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии «Сомонӣ» баррасӣ гардида, аз ҷониби намояндагони ширкат зикр шуд, ки баъди ворид намудани унсурҳои нави ҳимоявӣ аз қабили «Тасмачаи голографӣ», «Дизайни ҳимоявии лазерӣ», «Нишони Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Нишони обӣ» пули коғазии «Сомонӣ» аз ҷиҳати бехатарӣ ба қатори пулҳои дигар давлатҳои пешрафта шомил гардид.

Ҳамчунин, намояндагони ширкати «Giesecke+Devrient» дастовардҳои худро дар самти таъсиси кори Хазинаи марказии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ барои бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бо технологияҳои муҳофизативу назоратӣ муҷаҳҳаз гардонидани он ва таҷҳизоти нави ҳисобкунию ба навъҳо ҷудокунандаи пул муаррифӣ карданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода инчунин изҳор дошт, ки дар оянда ҳамкорӣ  байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Giesecke+Devrient» боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Ширкати олмонии «Giesecke+Devrient» яке аз ширкатҳои дар сатҳи ҷаҳон эътирофшудаю пешқадам оид ба истеҳсоли таҷҳизот барои бароришу коркарди пулҳои коғазӣ ва коғазҳои қиматнок мебошад, ки бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии тиҷоратии беш аз 70 давлати ҷаҳон аз хизматрасонии он дар самти барориши пулҳои коғазӣ, такмили унсурҳои ҳимоявии пул ва бунёди хазинаҳои муосири марказӣ истифода мекунанд.

Акс аз Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 1, 2021 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1241 сомонӣ муқаррар шудааст
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид