Дар арафаи Иди Қурбон дар Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди саиди Қурбон ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо нархҳои нисбатан арзон дастраси аҳолӣ намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд. Дар ярмарка-фурӯш ба сокинон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, орд, шакар, меваҷоту полезиҳо ва асалу тухм бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ярмарка бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол доир шуда, дар маркази вилоят назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташкил гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бевосита рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка супоришҳо дода, таъкид кард, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ид маводи ғизоии барои худ заруриро бо нархҳои нисбат ба бозор арзон харидорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси роҳбарияти вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2021 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 46 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 4 ҳазору 511,9 тонна маҳсулот, аз ҷумла 781,5 тонна орд, 138,2 тонна равғани растанӣ, 74,5 тонна гӯшти чорвою паранда, 157,5 тонна шакар, 110 тонна биринҷ, 970,6 ҳазор дона тухм, 1147,6 тонна картошка, 439,9 тонна сабзӣ, 815,7 тонна бехпиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд. Ин анъана минбаъд низ идома ёфта, барои фаровонии дастархони мардум дар оянда низ чораандешӣ карда мешавад.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






