Дар Боғи Ирам хӯрокҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай муаррифӣ мешаванд

Июль 15, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай  шоми 16 июл дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе  Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил карда шуда, аз он роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ   ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои аъзои СҲШ муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии тоҷикӣ ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ мебошад.

Июль 15, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд