Дар Душанбе таҳти унвони «Муносибати шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон, ҳамчун қисми ислоҳоти андоз» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» таҳти унвони «Муносибати шариконаи мақомоти андоз ва андозсупорандагон, ҳамчун қисми ислоҳоти андоз» ҳамоиш доир шуд.
Тавре аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади фароҳам овардани робита ва ҳамкории доимии мутақобилан судманд байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон роҳандозӣ гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои соҳаи иқтисод, аз он ҷумла вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии омор, Бонки миллӣ, инчунин роҳбарон, сармуҳосибҳо ва таҳлилгарону кормандони масъули андозсупорандагон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои андозсупорандагон ва мақомоти андоз баррасӣ гардида, дар он муовини якуми Раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода сухан намуд.
Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба рушди муносибати шариконаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон, низоми маъмурикунии андоз, хизматрасониҳои электронӣ ва низоми иттилоотии Кумитаи андоз мубодилаи афкор намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти андоз бо маром идома дошта, маъмурикунонии андозҳо нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида истодааст. Ҳамзамон базаи моддию техникии мақомоти андоз рӯз аз рӯз беҳтар гардида, шумораи хизматрасониҳои электронӣ зиёд ва сатҳи ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ баланд гардида истодааст.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи андоз дар оянда низ ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории онҳо ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупорандагон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии иқтисодиёт равона гардида, дар нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз пешбинӣ гардидааст.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






