Дар Тоҷикистон қочоқи маводи доруворӣ пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе шаҳрванд Бахтовар Ёқубов, ки қаблан барои қочоқ суд шудааст, барои содир кардани ҷинояти навбатӣ боздошт гардидааст. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Боздоштшуда маводи дорувориро бо мақсади фурӯши ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон овардааст. Гумонбаршуда дидаву дониста тавассути автомашинаи Toyota Fielder 34 номгӯи маводи дорувориро интиқол додааст.
Мутобиқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми доруҳо шаҳодатномаи яквақта ва аз ширкатҳои истеҳсолкунанда асноди тасдиқкунанда надоранд.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши доруҳо 162799 сомониро ташкил медиҳад.
Тамоми доруҳо бидуни назорати гумрукӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шуданд.
Дар иртибот ба ин ҳодиса нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Қочоқ») парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд. Пас аз хатми тафтишоти пешакӣ, парванда барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
Акс аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






