Дар Вашингтон Тоҷикистону ИМА омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода қисмати иқтисодӣ ва энергетикии машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар шаҳри Вашингтон якҷо бо муовини ёрдамчии котиби давлатии ИМА оид ба иқтисод ва тиҷорат Мэтт Марри раисӣ карда, масъалаҳои истифодаи пурраи имкониятҳои савдо ва сармоягузории дуҷониба, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, коронавируси COVID-19 ва тандурустиро бо ҷониби ИМА муҳокима намуданд.
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо ИМА сол то сол рушд карда ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷиҳати истифодаи имкониятҳои васеи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ИМА барои манфиатҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои сафарбар намудани дастгириҳои молиявию техникии иловагӣ, аз ҷумла тавассути USAID ва Эксимбонки ИМА, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергияи сабз, пешгирии тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, ҳифзи хуқуқи моликияти зеҳнӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва ҳифзи тандурустиву иҷтимоии аҳолӣ ва аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда корҳоро тақвият медиҳанд.
Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки соҳаҳои энергетика, саноати истихроҷи маъдан, нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, инчунин сайёҳӣ ва бонкдорӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи махсуси сармоягузорони ИМА ба ҳисоб рафта, пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар ин замина бо мақсади тавсеа ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд.
Инчунин зикр гардид, ки кумаки USAID дар ҳаҷми 46,5 млн. доллар барои Тоҷикистон дар соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон мусоидати ИМА-ро ҷиҳати ба кишвар ҷудо намудани ваксинаҳои намуди «Pfizer» ва «Moderna» хоҳиш намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳаматарафаи ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва истифодаи самараноки он изҳор намуданд.
Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ









Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






