ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2021 мақоми сеюмро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи наврасони то 17-сола ба анҷом расид. Дар мусобиқа дастаи мунтахаби духтарони наврасони Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар даври ниҳоии Чемпионати CAFA-2021 дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то 17- солаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахби духтаронаи наврасони то 17- солаи Эрон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд ва дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бар дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то 17- солаи Афғонистон бо натиҷаи калони 8:0 дастболо шуд. Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии се давр, дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то 17- солаи Ӯзбекистон ҳафт хол ба даст овард ва ғолиби чемпионати CAFA-2021 гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то 17- солаи Эрон шуд. Дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то 17- солаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷадвали мусобиқа сеюм шуд.
Қобили зикр аст, ки дар маросими ҷамъаст Котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов, Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода ва дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов ширкат намуда, ба ғолибон ҷаоизаҳоро тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюми Чемпионати CAFA-2021 дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то 17 -солаи Афғонистон бо ҳисоби 5: 2 пирӯз шуда буд.








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






