Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис сараввал лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Сипас доир ба тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2021 «Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад» ва масъалаҳои вобаста ба Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳисобот доданд.
Сарвазири мамлакат аъзои Ҳукумат ва роҳбарони вазорату идораҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Супоришҳои дигар ба роҳбарнони вазорату идораҳои мамлакат доир ба вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, ҷамъоварии беталафи ҳосил, хусусан ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот, захира ва нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, истифодаи самараноки замин, тақвияти кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, пӯрзур намудани тадбирҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳии аҳолӣ доир ба оқибатҳои ногувори ин бемории сироятӣ ва зарурияти ваксинагирӣ бар зидди он дода шуд.
Дар идомаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ вобаста ба паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба тақвияти корҳо дар самти пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии ин бемории сироятӣ вазифадор карда шуданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






