Иштирокдорони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд

Июль 7, 2021 10:19

ДУШАНБЕ, 07.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи ҷамъбасти даври якуми озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки соҳибкорон чорабинӣ доир гардида, суъбектҳои хоҷагидор бо «Ифтихорнома»-ҳо  қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт»  хабар  доданд.

Зимни ҷамъбасти озмун директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон  Абдулваҳобзода зикр намуд, ки номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамасола дар мамлакат  рӯ ба афзоиш дорад ва имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли  ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар шавад.

Таъкид гардид, ки сифатнокӣ талаботро ба мол торафт афзун мегардонад. Дар бозор аслан ба ҳамон маҳсулот талаботи мардум бештар аст, ки ба бехатариаш кафолат дода шуда, ҳамзамон сифати хуб дорад ва ба табъу завқи истеъмолкунанда мувофиқ мебошад. Табиист, ки танҳо маҳсулоти хушсифат бозоргир ва ба рақобат тобовар ба ин мусоидат менамоянд.

Зикр шуд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, бахши хусусиро дастгирӣ ва барои рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Инчунин муовини директори Агентӣ Ситора Шерзода  изҳор дошт, ки ҳар як дастоварди соҳибкорони ватанӣ боиси ифтихор буда, баёнгари  дар бозори истеъмолӣ пайдо намудани мавқеъ дар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва хизматрасонии ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ мебошад.

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватанӣ ва дар ин замина барои муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротиву воридотивазкунанда ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар гузаронида шуда, даври дуюми озмун ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон охири моҳи июл дар назар дошта шудааст.

Июль 7, 2021 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст