Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Июль 3, 2021 20:56

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 3-юми июли соли 2021, соати 18:30 вазъият дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати “Толибон” тасарруф шуданд. Дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҳаракати “Толибон” комендатураи сарҳадии “Овез”-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол намуданд.

Бештар аз 300 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» сарҳади давлатиро убур карда, ба худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд.
Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Вазъият дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Июль 3, 2021 20:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд