Коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳот 61 ҳазору 500 истилоҳро мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор доданд
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 61 ҳазору 500 истилоҳ, аз ҷумла 3 луғатнома, 17 барномаи таълимӣ ва 4 маводи таҳлилию дастурамал мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтанд. Чунин гуфт 29 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Ба зикри мавсуф, Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст.
“Кумита дар шаш моҳи соли равон ба 51 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд. Дар баробари ин, аз ҷониби бахши экспертизаи забоншиносӣ ба 19 маводи судӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод карда шуд”,- гуфт О. Муҳаммадҷонзода.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар назди Кумита Комиссияи номгузорӣ барои номҳои тозаэҷод фаъолият менамояд, ки то имрӯз ба 518 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла, 19 муроҷиат аз ҷониби ақаллияти миллӣ, ба 262 муроҷиаткунанда хулосаи рад, ба 237 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ дода шудааст, ки назар ба шашмоҳаи якуми соли 2020 48 муроҷиат зиёд мебошад.
Дар ин давра Кумита аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 23 номгузории муассиса хулоса пешниҳод намудааст.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






