Коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳот 61 ҳазору 500 истилоҳро мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор доданд

Июль 31, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи  якуми соли равон аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 61 ҳазору 500 истилоҳ, аз ҷумла 3 луғатнома, 17 барномаи таълимӣ ва 4 маводи таҳлилию дастурамал мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтанд. Чунин гуфт  29 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ба зикри мавсуф, Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст.

“Кумита дар шаш моҳи соли равон ба 51 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд. Дар баробари ин, аз ҷониби бахши экспертизаи забоншиносӣ ба 19 маводи судӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод карда шуд”,- гуфт О. Муҳаммадҷонзода.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар назди Кумита Комиссияи номгузорӣ барои номҳои тозаэҷод фаъолият менамояд, ки то имрӯз ба 518 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла, 19 муроҷиат аз ҷониби ақаллияти миллӣ, ба 262 муроҷиаткунанда хулосаи рад, ба 237 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ дода шудааст, ки назар ба шашмоҳаи якуми соли 2020  48 муроҷиат зиёд мебошад.

Дар ин давра Кумита аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 23 номгузории муассиса хулоса пешниҳод намудааст.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд