Либоси варзишии ҳайати Тоҷикистон барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон либоси варзишӣ ва расмии ҳайати олимпии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, Фонди дастгирии олимпӣ таъсис ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.
Либоси варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад. Маҷмӯи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 20 номгӯй, аз ҷумла, либоси варзишӣ барои маросими ҷоизагирӣ, гардиш, либоси варзишӣ барои тамрин, футболкаҳо, кулоҳи варзишӣ, пойафзоли варзишӣ, соат, ду ҷомадон ва ғайра иборат мебошад. Маҷмӯи либоси варзишӣ бо нақшу нигори миллӣ, инчунин рангҳои Парчами давлатӣ оро ёфтааст.
Тарҳи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи босалоҳият, аз ҳисоби тарроҳон, олимон ва мутахассисони хориҷӣ давоми ду сол омода шуд.
Ёдрас менамоем, ки Ширкати “Iamdifferent” ҳайати олимпии Тоҷикистонро соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро низ бо маҷмӯи либоси варзишӣ таъмин намуда буд.
Дар ҷаласа ба Ширкати “Iamdifferent” ва роҳбари ширкат Дилшод Ҷӯразода “Сипоснома”-и КМО Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории аъзои Кумита Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки барои таъмини шароити иҷтимоии варзишгарон, иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, таъмини варзишгарон бо лавозимоти варзишӣ, таъмини мактабу клубҳои варзишӣ бо таҷҳизоти варзишӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳаи варзиш нигаронида шудааст.
Ҳамчунин дар ҷаласа дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






