«МАРЗ-2021». Дар Тоҷикистон ҳолати омодабошии ҷангии 230 ҳазор нафар бо бонги хатар санҷида шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре чанде пеш иттилоъ додем, субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта, ки анҷомбахши санҷиши омодагии ҷангии «Марз-2021» буд, бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






