НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо беш аз 27 ҳазор адад лампаҳои симобдори аз истифода баромада ҷамъоварӣ шуд

Июль 13, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамъоварӣ гардидани  беш аз 27 ҳазор адад лампаҳои симобдори аз истифода баромада дар мамлакат хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки лампаҳои симобдори аз истифода баромада аз аҳолӣ  ва ташкилоту муассисаҳо ҷамъоварӣ  гардида, дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода 13 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки ин тадбир ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани  системаи  безараргардонии  ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» андешида шудааст.

Баҳодур Шерализода  афзуд, ки  дар ин давра Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  фаъолияти худро дар партави сиёсати  роҳбарияти  давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунгузории амалкунанда, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ роҳандозӣ намуда, барои татбиқи барномаву нақшаҳои миллӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва пурзӯр намудани  назорати давлатии ҳифзи муҳити зист  корҳои назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, соли равон бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии  аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои  кишвар 875 аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуданд, ки дар онҳо беш аз 314 ҳазор нафар  шаҳрвандон иштирок намуда, зиёда аз 4327,93 метри мураббаъ  парвтоҳои истеъмолӣ ва сахтти  маишӣ аз кӯчаю маҳаллаҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳҳои  шаҳру ноҳияҳо бароварда шуданд.

Зикр шуд, ки ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои  обӣ ва баланд бардоштани  сатҳи маърифати экологии аҳолӣ  бо мақсади ҳифзи захираҳои об 691 аксияи «Тозагии соҳил-2021» гузаронида шуд. Дар  онҳо 210174 нафар аҳолии шаҳру навоҳӣ ва деҳоти мамлакат иштирок намуда, беш аз 1602 км каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ аз партову ифлосиҳо тоза гардиданд.

Июль 13, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд