Ноҳияи Ёвон дар озмуни «Момодояи беҳтарин» сазовори ҷойи аввал гардид

Июль 13, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва лоиҳаи «Модари солим-кӯдаки солим» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озмуни «Момодояи беҳтарин»  доир шуд, ки дар он ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи аввал гардид. Довталабони  ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷайҳун ҷойи дуввум ва Кӯшониёну А.Ҷомӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  озмуни «Момодояи беҳтарин» миёни 12 ноҳияи вилояти Хатлон: Ҷ.Балхӣ,  Дӯстӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Леваканд, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва Ёвон доир шуд. Мақсад аз  он баланд бардоштани донишу малакаи момодояҳо, расонидани кумаки саривақтӣ ба занҳои ҳомила, кӯдакони навзод ва дар умум  баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи лоиҳаи нави USAID- «Модари солим- кӯдаки солим» моҳи марти имсол  оғоз шуда, панҷ солро дар бар мегирад ва  барои амалишавии он 17,3 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст.

Лоиҳаи USAID «Модари солим- кӯдаки солим» дастгирии техникиро ҷиҳати таҳкими тамоми сатҳҳои системаи тандурустии Тоҷикистон таъмин менамояд ва барои таъсир расонидан ба меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафтор дар самти қабули ғизо ва ҳифзи саломатии модарону кӯдакон барои мусоидат ба қабули тарзи ҳаёти солим кумак мерасонад.

Лоиҳаи мазкур ба дастовардҳои қаблан соҳибшудаи USAID оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ғизо такя намуда, ба паст намудани сатҳи қадпастӣ дар байни кӯдакони то панҷсола аз 25 то 18 фоиз ва коҳиш додани сатҳи камвазнӣ аз 11 то 6 фоиз мусоидат хоҳад намуд.  USAID дастгирии иқдомеро, ки ба беҳтар намудани вазъи ғизо дар вилояти Хатлон мусоидат менамояд, идома медиҳад.

Июль 13, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид