Пагоҳ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 июл Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 июни соли 2021 ба имзо расид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин: Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62; Дар бораи рафти иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба иншооти бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе; Ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ; Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе; Ворид намудани тағйирот ба замимаи 5 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7; Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дохил карда шудаанд.
Тибқи қарори мазкур барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 10 июли соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намуданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад






