Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Дабири кулли ин Созмон Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси амалкунанда дар Созмон вазифаҳои худро мутобиқи афзалиятҳои зикршуда пайваста иҷро мекунад.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз иҷрои вазифаҳо ва амалисозии тадбирҳои қаблӣ — рушди минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай ва истифодаи пурраи имконоти он мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромилӣ муҳокима карда шуд.
Таъкид гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхайро лозим аст, ки дар самти амният бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сохторҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории амалӣ барқарор намояд.
Зимни мулоқот вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, саноат, ҳамкории байнибонкӣ ва гуманитарӣ, зарур шумурда шуд.
Дар вохӯрӣ инчунин оид ба ҳалли дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд сурат гирифт.









Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд






