Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро дар Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд

Июль 30, 2021 07:05

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити хизматрасонии тиббӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳрӣ аз 16 утоқи кории духтурони дандон иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Масоҳати умумии дармонгоҳ 370 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳри Хуҷанд дар гузашта дар бинои номувофиқ ҷойгир буд. Бо сабаби номуносиб будани шароити корӣ, қабули беморон маҳдуд ва раванди муолиҷаи онҳо тӯл мекашид. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави дармонгоҳ шароити кори духтурони дандон беҳтар ва сифати хизматрасонӣ баланд бардошта мешавад, зеро дар ин ҷо барои муолиҷаи дандон, кандану шинонидан, гирифтани қолаб ва дигар роҳҳои пешгирии беморшавии дандон шароити хуб фароҳам гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд, ки ба саломатии мардум таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Саломатии миллат сарвати бебаҳо буда, пойдории давлат аз солимии ҷомеа вобастагӣ дорад. Дар ин замина супориш дода шуд, ки дар баробари бунёди иншооти соҳа ба масъалаи ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии табибон ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи тандурустӣ диққати хосса равона карда шавад.

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 316 иншооти соҳаи тандурустӣ барои 3100 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин иқдом дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ таъсир гузошт.

Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сохтмон ва таъмиру навсозии 508 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 77 беморхона, 123 бунгоҳи саломатӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, ҳудуди 100 ҳуҷраи хатна ва 100 дорухона дар назар дошта шудааст.

Давоми солҳои 2018-2020 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2021 корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар 431 иншоот ба анҷом расидаанд, ки ин нишондод иҷрои 85 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳрӣ дар шаҳри Хуҷанд 30.07.2021

Июль 30, 2021 07:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд