ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН: калонсолону кўдакон хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардак худдорӣ намоянд!

Июль 19, 2021 09:00

 ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти вазъи эпидемиологии мамлакат Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома аз  калонсолону кўдакон хоҳиш намудааст, ки  хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардак худдорӣ намоянд.

«Одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигаронро ба маротиб меафзояд»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки «шахсоне, ки ба масҷид меоянд, ҳатман бояд ниқоб дошта бошанд, аз маҳлулҳои безараргардонанда истифода намуда, дастпӯшак пӯшанд ва ҳатман масофаи иҷтимоиро риоя кунанд. Дар минтақаи берун аз масҷид, яъне ҷойҳое, ки безарар гардонида нашудаанд, хондани намоз қатъиян манъ аст. Аз ходимони масҷид тақозо мегардад, ки барои таъмини муҳити безарар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, риояи онро аз ҷониби намозгузорон қотеъона талаб намоянд.  Вобаста ба аҳкоми рӯзи ид таъкид менамоем, ки дар ин рӯз одамони зиёд барои хондани намози ид ба масҷидҳо ҳозир мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки одамон ба масҷидҳои марказӣ ҳозир нашуда, намози идро дар масҷидҳои назди хонаашон адо намоянд. Дар намози ид ҳам мисли намозҳои ҷамоат бояд қоидаҳои беҳдошт ҳатман риоя карда шаванд».

Июль 19, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид