«Созҳои мусиқӣ — муаррифи фарҳанги миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 июл то 1 август дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе таҳти унвони «Созҳои мусиқӣ-муаррифи фарҳанги миллӣ» намоиши созҳои мусиқии суннатии тоҷик доир мешавад. Дар намоиш беш аз 300 адад созҳои гуногуни мусиқии миллӣ, аз қабили найю сурнай, дутору думбра, карнаю шайпур, рубобҳои гуногун, сетор, шаштор, ҳафтор, дафу доира, таблу нағора, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд, манзури бинандагон мегарданд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз зимни ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки «падид омадани найҳои устухонӣ аз ёдгории «Тахти Сангин» (асрҳои III-II то мелод), кашф гардидани тасвири рубобҳо дар сангнигораҳои ноҳияи Ишкошим (асри I мелодӣ, тасвири навозандагони чанг ва буқ аз ёдгории «Панҷакенти қадим» (асрҳои V-VIII), тасвири ансамбли мусиқачиёни руду чанг аз Уструшан (асрҳои VII-IX), тасвири навозандаи чанг ва рубоби камонӣ аз ёдгории «Ҳулбук» (асрҳои IX-X) ва амсоли инҳо далели қадима будани созҳои мусиқии тоҷикон маҳсуб мешаванд».
Ҳамчунин дар ин рӯз бо истифода аз тасвири созҳои мусиқии деворнигораҳои ёдгориҳои Тоҷикистон таърих ва ташаккули созҳои мусиқии тоҷик нишон дода шуд. Қадимтарин созҳои мусиқие, ки дар намоиш ба маъраз гузошта шудаанд, найҳои устухонии мансуб ба асрҳои III-II то мелод мебошанд, ки аз ёдгории «Тахти Сангин» бозёфт гардидаанд.
Дар қисмати дигари намоиш созҳои мусиқии устодони санъати тоҷик: танбӯрҳо аз устодони «Шашмақом»- Содирхон Ҳофиз, Бобоқул Файзуллоев, Боймуҳаммад Ниёзов, танбӯр аз падари Одина Ҳошимов– Ҳошим Қосимов, думбраи гуруғлисарои машҳур Ҳикмат Ризо, рубоби ҳунарманди машҳури тоҷик Ҷӯрабек Муродов пешниҳод гардиданд.
Дар гӯшае аз намоиш созҳои мусиқии дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташудаи устоҳои моҳири кишвар пешниҳод шудаанд, ки аз рушди ҳунари созтарошӣ дар ин даврон дарак медиҳанд. Ҳамзамон дар намоиш якчанд осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ки дар онҳо созҳои мусиқӣ тасвир ёфтаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






